33 000 сарбози Амрико соли 2011 ҳам дар Афғонистон мемонанд

Леон Паннета

Леон Паннета-вазири дифои Амрико мегӯяд, 33 000 сарбози изофие, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба Афғонистон фиристод, соли дигар ҳам дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд, то бар зидди шӯришиёни Толибон муборизаро идома диҳанд. Рӯзи панҷшанбе оқои Паннета дар Кумитаи хадамоти мусаллаҳи Маҷлиси Намояндагон гуфт, он гуна, ки ба нақша гирифта шудааст, то поёни соли ҷорӣ 10 000 сарбози амрикоӣ аз Афғонистон фаро хонда мешаванд.