Саудӣ тарҳи сӯиқасд ба ҷони сафирашро маҳкум кард

Давлати Арабистони Саудӣ тарҳи сӯиқасд ба ҷони сафираш дар Вашингтонро, ки гӯё бо ҳимояти Эрон омода шудааст, башиддат маҳкум кард ва онро «амали ошуфтакунанда ва зишт» хонд. Ба иттиллои хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ, дар робита ба ин амал, иқдомоти муассире андешида мешавад ва ҳукумат мекӯшад, "таҳдид ба амнияти хеш ва фитнаандозӣ дар миёни мардумашро" ҷилавгирӣ кунад. Мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтаанд, ки дар ин замина ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ бо давлати Амрикоро идома медиҳад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ду эрониаслро муттаҳам кардаанд, ки гӯё мехостанд, Одил Ал-Ҷубайр, сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтонро бикушанд. Рӯзи чаҳоршанбе Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Шоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ дар бораи ин мавзӯъ гуфтӯгу кардаанд.