Истиқболи Кохи Сафед аз созиши озодии Ҷилад Шалит

Кохи Сафед гуфт, аз хабарҳои озодии эҳтимолии сарбози исроилӣ Ҷилад Шалит хушҳол шудааст. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ мегӯяд, раисиҷумҳур Барак Обама борҳо ба раҳоии ин сарбоз даъват карда буд ва ин кор мебоист хеле пеш ба вуқӯъ мепайваст. Исроил ва гурӯҳи ситезаҷӯи Ҳамос, ки Шалитро дар соли 2006 асир гирифтааст, ба созиш расиданд, ки дар ивази ин сарбоз 1000 маҳбуси фаластинӣ дар Исроил ба озодӣ барояд. Қарор аст, табодула дар рӯзҳои наздик иттифоқ афтад.