Словакия тарҳи эътидоли пулии минтақаи евроро рад кард

Ҳукумати Словакия натавонист аз порлумон раъйи эътимод гирад ва порлумони ин кишвар ҳамчунин тарҳи эътидоли молиявии Аврупоро рад кард. Пуштибонии Словакия аз ин тарҳ муҳим буд, зеро нақшаи пайрезии дубораи наздик ба 600 миллиард доллар танҳо бо ризоияти тамоми 17 узви минтақаи евро қонунӣ мешавад. 16 узви дигари минтақа аллакай тарҳро ба тасвиб расондаанд. Эҳтимол меравад, сарвазири дар ҳоли рафтан аз мухолифон дархости раъйгирии такрорӣ кунад.