Кумитаи дини вилояти Суғд имсол беш аз 600 китоби мазҳабиро таҳти ташхис қарор дода, фурӯши 37 китобро боздоштааст. Нуралӣ Ғиёсов, узви куммиссиюни ташхиси китобҳо гуфт, худи ӯ аз ду китоби рӯҳониёни тоҷик, ки барои ташхис ба ӯ супурда буданд, якеро мухолифи ақоиди мазҳаби Имоми Аъзам дарёфта, манъ кардааст. Кумитаи дин аз 2 соли пеш ба ташхиси китобҳои динӣ пардохт, ки мунтақидон онро як навъи сонсури давлатӣ мехонанд. Имсол дар вилояти Суғд беш аз 2 000 навор низ мусодира шудааст, ки 509 навораш мӯҳтавои мазҳабӣ доштааст.