Созиши Олмон ва Фаронса дар мавриди бахши бонкии Аврупо

Раҳбарони Олмон ва Фаронса мегӯянд, дар масъалаи таҳкими бахши бонкии Аврупо ба созиш расидаанд. Сарвазири Олмон Ангела Меркел гуфт, вай ва раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ «мутманинанд, ки бояд дар ислоҳи сохтории дороӣ ва вомҳои бонкҳои Аврупо аз ҳамаи чораҳо кор гирифта шавад.» Гуфтушуниди ду раҳбар дар ҳоле ба амал омад, ки Олмон мехоҳад дар ростои нишасти сарони 27 кишвари Иттиҳоди Аврупо дар моҳи оянда барномаеро дар даст дошта бошад. Саркозӣ гуфт, ҳоло пайте барои таҳлили ҷузъиёти созишнома нест, аммо тавофуқи куллӣ ҳосил гаштааст. Меркел гуфт, мақсад ҳамкории наздиктар ва ҳатмитари минтақаи еврост, то аз харҷи илофагӣ парҳез шавад.