Телевизиони давлатии Миср хабар дод, ки дар задухӯрди полис бо насрониҳо дар Қоҳира 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Коптҳои насронӣ бо эътироз аз тахриби калисо дар вилояти ҷанубии Асуан даст ба тазоҳурот заданд ва мошинҳои полисро сангборон карданд. Ҳамчунин аз шишаҳои партобшудаи бензин чанд мошин оташ гирифт. Шоҳидон мегӯянд, ин бузургтарин хушунат дар давраи пас аз барканории раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак дар моҳи феврал буд. Дар тазоҳурот чанд исқуф аксҳои раиси Асуан Мустафо Сайёдро ба оташ кашиданд, ки гуфтааст, калисо дар деҳаи Мариноп ғайриқонунӣ сохта шудааст. Насрониҳо наздик ба 10 дарсади аҳолии 80-миллионнафараи Мисрро ташкил мекунанд ва даргирӣ байни онҳо ва аксарияти мусулмони кишвар ғайримаъмулӣ нест. Дар моҳи март дар хушунатҳои байнимазҳабӣ дар наздикии Қоҳира 13 нафар кушта шуданд.