Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фиристодаи ИМА

Марк Гроссман, фиристодаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон ва Покистон дар дидор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи амният дар Афғонистонро баррасӣ кард. Вай дар ин бора гуфт:

"Ман раиси ҷумҳурро дар ҷараёни омодагиҳо барои баргузории ду конфронси муҳими роҷеъ ба Афғонистон, конфронси Истанбул, ки 2-юми ноябр ва конфронси Бонн, ки 5-уми декабр баргузор мешавад, қарор додам. Ҳадафи конфронси Истанбул ҷалби пуштибонии ҳамсояҳо ва кишварҳои аз назари ҷуғрофӣ наздик ба Афғонистон барои таъмини амният ва рушди ин кишвар мебошад. Ҳарфи муҳиме, ки дар конфронси Бонн садо хоҳад дод, таъсиси роҳи нави абрешим хоҳад буд. Ҳадаф аз роҳи нави абрешим, мусоидат ба тавсеа ва шукуфоии ин минтақа аст."

Дар ҳамин ҳол раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ гуфтааст, ки ин тарҳ метавонад пули робитае миёни Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ барқарор кунад. Ҷаноби Гроссман афзуд, ки раванди сулҳ дар Афғонистон вақте метавонад муваффақ шавад, ки ҳама гурӯҳҳои этникӣ дар ин раванд иштирок дошта бошанд.