Омори тозаи СММ доир ба қурбониён дар Сурия

Созмони Милал мегӯяд, теъдоди қурбониёни саркӯби бераҳмонаи тазоҳургарони зиддидавлатӣ дар Сурия ба 2900 нафар расидааст. Руперт Колвил, сухангӯи Навӣ Пиллаӣ, масъули Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон гуфт, омори мазкур бар асоси “феҳрасти муфассали” номи афродест, ки Созмони Милал ба даст овардааст. Созмони Милал қаблан мегуфт, ки сар аз моҳи март аз замони шурӯъи тазоҳуроти зидди режими раиси ҷумҳур Башшор Асад дар Сурия бештар аз 2700 нафар кушта шудаанд. Қарор аст, имрӯз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал вазъи ҳуқуқи инсон дар Сурияро дар нишасти худ дар шаҳри Женева баррасӣ кунад.