Президенти Украина Виктор Янукович имрӯз дар Атени Юнон гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо бояд барои мардуми Украина муқаррароти гирифтани визаи туристиву соҳибкориро соддатар кунад. Вай, ки имрӯз бо раиси ҷумҳурии Юнон Каролас Папулиас мулоқот дошт, инчунин гуфт, ки Украина мехоҳда созишномаи тавсеаи минтақаи тиҷоратиро натиҷагирӣ кунад. Янукович гуфт, ки умедвор аст, кишвараш дар 10 соли наздик шомили Иттиҳодияи Аврупо шавад.Вале дар моҳҳои охир Янукович аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо барои таъқиби рақиби сиёсиаш нахуствазири собиқ Юлия Тимошенко интиқод мешавад.