Боздиди Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон аз Ҳинд имрӯз идома мекунад ва дар ҳоле, ки танишҳо миёни Афғонистону Покистон авҷ гирифтааст. Рӯзи сешанбе Ҳомиди Карзай бо Маҳмуҳон Сингҳ, нахуствазири Ҳинд бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву амниятӣ, аҳдномаи ҳамкориҳои стротегиро имзо карданд. Баъди имзои аҳднома Маҳмуҳон Сингҳ гуфт, Афғонистон метавонад, ба Ҳинд ба ҳайси як шарики боэътимод такя кунад:" Ҳинд мардуми Афғонистонро дар сафари онҳо ба сӯи зарфиятсозӣ, бозсозӣ, инкишоф ва сулҳ ҳамроҳӣ мекунад. Мо ба ҳадди тавони хеш тамоми корро барои кӯмак ба Афғонистон мекунем." Сафари дуввуми Ҳомиди Карзай дар ҳамин сол ба Ҳинд, баъди он сурат мегирад, ки ӯ ахиран Покистон, душмани қадимии Ҳиндро ба ҳимоят ва сармоягузории гурӯҳҳои тундрав муттаҳам кард ва дар қатли Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои сулҳи Афғонистон саҳим донист.