Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи истифодаи ҳадафмандонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигиро имзо кард. Дар ин фармон гуфта шудааст, қитъаҳои замине, ки ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудаанд, танҳо барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ истифода карда шаванд. "Бастани аҳдҳо оид ба хариду фурўш, тӯҳфа ва дигар аҳдҳои гражданӣ марбут ба ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замини ба эҳтиёҷмандон пешбининамуда бе бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё хонаҳои истиқоматии нотамом ва ба қайди давлатӣ гирифтани аҳдҳои зикргардида манъ карда шавад",-омадааст дар ин фармон. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар сурати ошкор карда шудани ҳолатҳои бастани ҳама гуна аҳдҳои ғайриқонунӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигии ба шаҳрванд ҷудошуда, ҳуқуқи шаҳрванд оид ба истифодаи қитъаи замини мазкур тибқи қонунгузории Тоҷикистон қатъ мегардад.