Интизор меравад, ки дипломатҳои Аврупо имрӯз дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал тарҳи қатъномаеро алайҳи Сурия ба раъйгирӣ гузоранд, ки аз он кишвар мехоҳад, саркӯби тазоҳургаронро хотима диҳад, дар акси ҳол танбеҳ хоҳад шуд. Вале рӯшан нест, ки Русия узви доимии Шӯрои Амният ба ин қатънома раъйи мухолиф ва ё раъйи мумтанеъ хоҳад дод, чун қаблан гуфта буд, ки ҳаргуна қатъномаи таҳримотӣ алайҳи Сурияро вето хоҳад кард. Ба гуфтаи дипломатҳо, Амрико аз ин қатънома, ки муаллифонаш, Фаронса, Бритониё, Олмон ва Португалия ҳастанд, ҳимоят хоҳад кард. Аммо Русия, Ҳинду Чин, Африқои Ҷанубӣ ва Бразилияи мухолифи ҳаргуна қатъномаи таҳримотӣ алайҳи Сурия будаанд, зеро мегӯянд баҳонаро барои мудохилаи мусаллаҳона дар он кишвар фароҳам мекунад. Созмони Милал мегӯяд, аз замони шурӯъи тазоҳурот алайҳи ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, то кунун дар ин кишвар бештар аз 2700 нафар кушта шудаанд.