Дар як шаҳри Сурия 3 ҳазор нафарро боздошт кардаанд

Мудофеъони ҳуқуқ дар Сурия мегӯянд, нерӯҳои давлатӣ баъди тассаруфи дигарбораи шаҳри Ростон дар зарфи се рӯз бештар аз 3 ҳазор нафарро дар ин шаҳр боздошт кардаанд. Онҳо мегӯянд, ҷангҳо дар ин шаҳр, ки рӯзи шанбе ба тассаруфи нерӯҳои давлатӣ даромад, хотима ёфтааст, вале дар ҷараёни набардҳои шадиди рӯзҳои пеш даҳҳо нафар кушта шуданд. Дар ин шаҳр нерӯҳои Сурия алайҳи садҳо сарбозе, ки ба тазоҳургарони зиддидавлатӣ пайвастанд, меҷангиданд. Дар Сурия сар аз моҳи март то кунун тазоҳурот бо талаби истеъфои раиси ҷумҳур Башшор Асад идома дорад.