Донишманди канадагӣ се рӯз баъди маргаш барандаи ҷоизаи Нобел дар илми тиб эълон шуд

Ралф Штейнман

Яке аз донишмандони барандаи имсолаи ҷоизаи Нобел дар бахши тиб се рӯз пеш даргузаштааст. Бар тибқи иттилои расмӣ, Ралф Штейнмани канадагӣ рӯзи 30 сентябр даргузашт.

Имрӯз дар Стокҳолм ба ӯ ва ду донишманди дигар - Брюс Бейтлери амрикоӣ ва Ҷулес Ҳоффмани люксембургӣ барои таҳқиқоташон дар заминаи системаи масунияти бадани инсон ҷоизаи Нобел супурда шуд.


Ҳанс-Густаф Лйюнгрен, як узви анҷумани Нобел зимни тақдими ҷоиза гуфт:

“Имрӯз Брюс Бейтлер, Ҷулес Ҳоффман ва Ралф Штейнман бо кашфи принсипҳои калидии фаъолияти системаи масунияти бадани инсон дар фаҳмиши мо инқилобе карданд. Онҳо дарки
акси барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши тиб

ғайриоддии механизми бемориҳоро пешниҳод карда, роҳҳои нави ҷилавгирӣ ва таҳқиқоти бемориҳои сироятӣ, саратон, варам, таҳаввулоти масуният ба ҳам воксинро ироа мекунанд”.

Ҷоизаи пулиро, ки наздики якуним миллион доллар арзиш дорад, ду тақсим карда, як нисфашро ба Бейтлеру Ҳоффман ва нисфи дигарашро ба номи Штейнмани марҳум эҳдо мекунанд.


Маъмулан ҳар сол ҷоизаи Нобел дар умури тиб пеш аз ҳама дигар бахшҳои ин ҷоизаи бонуфузи ҷаҳонӣ супурда мешавад.

Дар давоми ҳафтаи ҷорӣ барадаҳои ҷоизаи Нобел дар бахши химия, адабиёт ва сулҳ эълон хоҳанд шуд. Бори аввал ҷоизаи Нобел бо дархости кашшофи динамит, донишманд ва соҳибкор Алфред Нобел соли 1901 тақдим шудааст.