Намояндаи ИМА дар СММ аз Тоҷикистон даъват кард, ки созишномааш бо Кумитаи байналмилалии Салиби сурхро дар заминаи боздиди зиндонҳо зудтар ба имзо расонад. Ҷон Мариз, котиби дуюми ҳайати ИМА дар СММ гуфт, ки ИМА аз қонуни тоза ба имзорасидаи масъулияти волидон нигарон аст, ки ба қавли ӯ, милёнҳо хурдсолонро аз масҷидравӣ манъ мекунад.
Илова ба ин, муҷозоти 5 то 12 соли зиндон барои таъсиси мактабҳои ғайриқонунии динӣ аз масоили дигари мавриди нигаронии ИМА аст, ки озодии мазҳабро халалдор мекунад. “Тоҷикистон ҳамоно иштибоҳан бисёр намояндагони динро чун экстремисти мазҳабӣ унвон мекунад, ки натиҷааш тадбираҳои амниятӣ мебошад. Оқои Мариз гуфт:
“Мо аз қарори додситонии Тоҷикистон хуш шудем, ки чанд иттиҳоми зидди журналисти ВВС Ӯрунбой Усмоновро бекор кард. Вале мо нигаронем, ки мизони худсонсурӣ дар матбуот баланд шуда, ҳамлаҳои пайваста болои журналистон, идомаи пайгарди қонунии журналистони мустақил аз ҷониби сохторҳои ҳифзи тартибот, мисле оне, ки зидди хабарнигори “Азия-Плюс” Рамзия Мирзобекова, сурат мегирад”.
Вай афзуд, ки ИМА ба Тоҷикистон машварат медиҳад, дар амри беҳбуд бахшидани вазъи ҳуқуқи башар иқдом карда, иттиҳомоти боқимондаи хабарнигори ВВС Ӯрунбой Усмонов бардошта шуда, бидуни осебе ба шахсияти журналист, қазияи Маҳмадюсуф Исмоилов ҳалли худро пайдо кунад. Амрико машварат медиҳад, ки қонунҳои поймолкунандаи озодии мазҳаб дар Тоҷикистон, ба мисли манъи масҷидравии кӯдакону занон, ҳиҷобпӯшии духтарон дар мактабу донишгоҳҳо ва ришмонии омӯзгорон бекор шуда, назорати иҷрои қонун нисбати истифодаи маҷбурии нирӯи инсон дар пахтачинӣ ва қочоқи инсон идома дода шавад.