Бо шиддатгирии муқовиматҳои низомии миёни ҷангиёни вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ва нирӯҳои ҳукумати Шӯрои миллии гузори Либия ҳазорҳо сокинони шарҳи Сирт зодгоҳи раҳбари барканоршудаи ин кишварро тарк мекунанд. Нирӯҳои ҳукумати муваққат беш аз ду ҳафтаи ахир талош доранд назоратро аз болои ин шаҳри бандарии Либия ба даст оваранд.
Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, ки беш аз 10 ҳазор сокини ин шаҳри дорои ҷамъияти 70 ҳазор нафара маконҳои зисти худро тарк мекунанд. Наҷотёфтагон мегӯянд, ки бисёриҳо бо сабаби адами дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ ҷони худро аз даст доданд. Гурӯҳи кормандони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх баъди боздид аз ин шаҳр рӯзи 1 октябр ҳушдор дод, ки дар Сирт ҳолати фавқулоддаи тиббӣ ба вуҷуд омадааст. Сухангӯи ин созмон Дебо Фахр гуфт:
“Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх тавонист ба Сирт аз роҳи Мисрота ворид шавад ва аз касалхонаи марказии Ибн Синои он дидан карда, вазъи башарӣ ва мушкилоти таҳдидкунандаи мардумро дар ҳафтаҳои наздик арзёбӣ кунад. Касалхона дар шароити хеле бад амал карда, бо камбуди духтурхову таҷҳизоти тиббӣ, норасоии оксиген ва захираҳои об рӯбарӯ шудааст. Ҳама дар ҳолати мушкил қарор доранд”.
Сирт ва Бани Валид аз пойгоҳҳои охирини Қаззофӣ мебошад, ки маҳалли буду боши худи ӯ то ҳанӯз маълум нест.