Муассисаи имдодии “Оксфам” мегӯяд, бо омодагии нерӯҳои хориҷӣ барои тарки Афғонистон ва талоши давлат барои сулҳ бо Толибон ҳуқуқи занон дар Афғонистон ба хатар рӯ ба рӯ шудааст. Дар як гузориши тозаи ин муассиса гуфтааст, ҳуқуқи занон дар Афғонистон баъди рондани Толибон аз сари қудрат дар соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико зиёд шуд ва афзоиши теъдоди духтарон дар макотиби Афғонистонро мисол овардааст. Аммо гуфтааст, “Оксфам”, бо назардошти афзоиши хушунат алайҳи занон ва музокироти сулҳ бо Толибон, шояд дар ин самт ақибнишинӣ сурат бигирад ва “пешрафтҳои бадастомада” қурбонӣ шаванд.