Ҳукми эъдом ба қотили волии Панҷоб

Малик Мумтоз ҳангоми боздошт дар моҳи январ

Додгоҳи Покистон як афсари пулиси муҷрим дар қатли волии Панҷоб Салмон Таъсирро маҳкум ба қатл кард. Қозӣ Парвиз Алишоҳ дар додгоҳе, ки пушти дарҳои баста дар зиндони Равилпиндӣ гузашт, ба Малик Мумтоз Ҳусайн Қадрӣ бо ҷурми куштор ва терроризм ду ҳукми эъдом дод. Малик Мумтоз, ки муҳофизи Салмон Таъсир буд, рӯзи 4 январ даст ба ҷони волии бузургтарин вилояти Покистон зад. Ӯ баъдан эътироф кард, ки ӯро ба далели мухолифаташ ба қонуни тавҳини зидди Ислом куштааст. Ин қонун барои тавҳин ба Ислом ҳукми қатл муқаррар кардааст.