Дар Қирғизистон масҷидҳои бесанадро мебанданд

Дар вилояти Ӯши Қирғизистон тақрибан сеяки масҷидҳои шаҳр сабти расмӣ надоштаанд ва мақомот хостаанд, ин масҷидҳо баста шаванд. Ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Қурбоналӣ Ӯзоқов, раиси Кумиссиёни умури динӣ дар Қирғизистон аз мақомоти расмии маҳаллӣ хостааст, 177 масҷиди сабтином нашударо бубанданд. Дар вилояти ҷанубии Қирғизистон, Ӯш, Ҷалолобод ва Ботканд, эътиқодмандон назар ба дигар манотиқи кишвар бештар аст ва танҳо дар вилояти Ӯш 722 масҷид вуҷуд дорад.