Ҳилларӣ Клинтон ҳамла ба сафирро "нобахшиданӣ" хонд

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико ҳамла ба сафири кишвараш дар Сурияро маҳкум кард. Рӯзи 29 сентябр гурӯҳе аз тарафдорони Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ба сӯи Роберт Форд, сафири Амрико дар Димишқ, ки барои мулоқот бо яке аз пешвоёни бонуфузи мухолифин дар Сурия вориди дафтари ин фард мешуд, ба сӯи ӯ помидор ҳаво доданд. Дипломати амрикроӣ маҷбур шуд, се соат дар дохили ин дафтар монад, зеро ҳудуди 100 нафар аз ҳаводорони Башшор Асад саъйу талош карданд, то вориди ин бион шаванд. Ҳилларӣ Клинтон ин ҳамларо “нобахшиданӣ” хонд ва гуфт: "Ман бояд бигӯям, ки ин як ҳамлаи нобахшиданӣ, ба таври возеҳ, як бахши маъракаи давомдори тарсонидани на фақат дипломатҳои амрикоӣ, балки дипломатҳои дигар кишварҳо, нозирони хориҷӣ аст, ки доир ба таҳаввулоти Сурия суолҳоеро матраҳ мекунанд." Дар Сурия сар аз моҳи март то кунун эътирозҳои мардумӣ алайҳи ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асад идома дорад ва ба гуфтаи Созмони Милал аз он замон то кунун бештар аз 2500 нафар дар ин тазоҳуротҳо кушта шудаанд.