Даргузашти таҳиягари "Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор"

Ҳунарманди мардумии СССР, таҳиягари маъруфи синамо Татяна Лиознова дар синни 88-солагӣ дар Маскав аз олам даргузашт.

Татяна Лиознова дар шӯравии собиқ баъди навор бардоштани филми “Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор” маъруф шуд.

Ӯ ҳамчунин таҳиягари филмҳои машҳури “Евдокия”, “Осмон ба онҳо мутеъ мешавад”, “Се сафедор дар Плюшиха” ва “Карнавал” буд. Қарор аст, ки Татяна Лиознова дар оромгоҳи Дони Маскав макони охират пайдо кунад.