Парлумони Қирғизистон имрӯз бо пешбарии номзадии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои бурдани ҷоизаи сулҳи Нобел мувофиқат кард. Вакилони маҷлиси Қирғизистон тасмими Назарбоевро барои раҳо кардани кишвар аз силоҳҳои даврони шӯравии ҳастаӣ ва талошҳои ӯро барои мӯътадил сохтани вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ чун заҳматҳои раҳбари Қазоқистон дар роҳи сулҳ ситоиш карданд. Раиси парлумони Қирғизистон Аҳмадбек Келдибеков гуфт, ки дар ин бора аризаи расмӣ ба унвонии кумитаи Нобел ирсол хоҳад шуд.