Ҳукми шаллоқи як зан дар Саудӣ бо ҷурми ронандагӣ

Додгоҳи Саудия занеро, ки алорағми манъи мақомот ронандагӣ мекард, маҳкум ба 10 шаллоқ кардааст. Ба гуфтаи фаъолон, Шоима Ғасания дар рондани ғайриқонунии мошин муҷрим шинохта шуд. Ин нахустин чунин ҳукм дар Арабистони Саудист. Кадом қонуни вижаи манъи ронандагии занон дар ин мамлакат тасвиб нашудааст, вале қавоиди мазҳабӣ ронандагии занонро манъ мефармояд. Ин ҳукм дар ҳоле содир шуд, ки ҳамагӣ 2 рӯз пеш малик Абдуллоҳ барои бори аввал ба занон ҳаққи ширкат дар интихоботи соли 2015-ро дод.