Гелонӣ: Исломобод бо гурӯҳи Ҳаққонӣ робита надорад

Юсуф Ризо Гелонӣ

Дар нишасти мақомот ва ҳайати фармондеҳии Покистон изҳороти мансабдорони воломақоми амрикоӣ дар бораи даст доштани хадамоти ҷосусии Исломобод ба ҳамлаҳои гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла, гурӯҳи Ҷалолиддин Ҳаққонӣ, ба Афғонистон баррасӣ мешавад.

Нахуствазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ дар ин нишаст гуфт, ки "мо ҳама иддаоҳо дар бораи робитаамон бо Ҳаққониро рад мекунем. Ин гуна изҳоротҳо фақат ба нафъи душманони сулҳ мебошанд. Аз ин ихтилофи назарҳо фақат террористҳо бурод мекунанд. Нақши Покистон ва қурбониҳои додаи кишвар дар мубориза бо терроризм наметавонанд зери шубҳа бурда шаванд".

Аз ин пеш Вошингтон чандин бор аз Исломобод даъват кард, ки бо гурӯҳи Ҳаққонӣ муқовимат кунад. Ин гурӯҳ, ки пойгоҳҳояш на фақат дар Афғонстон, балки дар шимолу ғарби Покистон ҳам ҷойгиранд, аз ҷумла, дар ҳамлаи рӯзи 13 сентбяр ба сафорати Амрико дар шаҳри Кобул айбдор мешавад.