Путин президент мешавад, Медведев -- сарвазир

Владимир Путин, сарвазири Русия пешниҳоди анҷумани ҳизби ҳокими “Русияи воҳид”-ро барои номзадии ӯ ба мақоми раёсатҷумҳурии Русия пазируфт:

“Мехоҳам аз вокуниши мусбати шумо ба пешниҳоди номзадии ман ба мақоми раисиҷумҳури Русия ташаккур кунам. Ин барои ман шарафи бузургест. Ман рӯйи пуштибонии шумо ҳисоб мекунам.”

Ин пешниҳод аз тарафи раисиҷумҳури феълии Русия, Дмитрий Медведев садо дод, ки гуфт, Владимир Путин бояд раисиҷумҳури ояндаи кишвараш шавад. Интихоботи президентии Русия дар моҳи марти соли оянда баргузор мешавад.