Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Ташкилоти худгардони Фаластин, рӯзи ҷумъа дар мулоқот бо Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал аризаи расмӣ барои эътирофи Фаластин кишвари мустақил ва узви комилҳуқуқи созмонро ироа кард. Исроилу Амрико мухолифи эътирофи истиқлоли Фаластин ҳастанд ва раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама гуфтааст, ҳаргуна қатъномаи Шӯрои Амният дар ин мавридро вето хоҳад гузошт. Барак Обама мегӯяд, фаластиниҳо танҳо аз музокироти мустақим бо Исроил метавонанд, ба ин ҳадафи хеш, яъне таъсиси кишвари мустақили Фаластин ноил шаванд.