Раиси ҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ, ки ғайриинтизор ба Яман бозгашт, хостори оташбас дар кишвараш шуд. Дар баёнияи дафтари раёсати ҷумҳури Яман омадааст, ба эътиқоди Алӣ Абдулло Солеҳ, танҳо роҳи хуруҷ аз бӯҳрони сиёсӣ дар кишвараш, музокирот ва мусолиҳа аст. Аз моҳи феврал то кунун мардуми зиёде аз раиси ҷумҳури Яман талаб доранд, ки истеъфо диҳад. Танҳо ҳамин моҳ дар даргирӣ миёни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони давлат, тақрибан 100 нафар кушта шуданд. Алӣ Абдулло Солеҳ, ки сол боз бар Яман ҳукмронӣ мекунад, моҳи июн дар инфиҷори бомб дар кохи раёсати ҷумҳур дар Санъо захмӣ шуд ва то рӯзи ҷумъа дар Арабистони Саудӣ муолиҷа мегирифт.