Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Қирғизистон пешниҳод кард, то Созмони Милал барои ба масъулият кашидани раҳбарони худкома, меъёрҳои махсусе таъйин кунад. Зимни суханронӣ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал, Роза Отунбоева дирӯз гуфт, тайи ду даҳсолаи гузашта, “ҳокимони ҷинояткору фосид” бо ғорати сарват ва манобеъи Қирғизистон ва миллиардҳо доллари кишварро ба хориҷ бурдаанд. Роза Отунбоева гуфт: “Диктаторҳо бояд подоши амалҳояшон алайҳи миллатҳои худро бигиранд, на инки дар хориҷа паноҳ баранд. Созмони Милал бояд меъёру муқаррароти возеҳ барои таъмини адолат ва бозгардонидани амволи ғоратшуда ба мардуми ранҷкашида таъйин кунад.“ Роза Отунбоева мегӯяд, ин меъёрҳо на ба хотири гирифтани ниқори сиёсӣ, балки барои он бошад, ки раҳбарони худкома, подоши амалҳои худро бигиранд.