Посухи бадхашмонаи Покистон ба генерали Амрико

Вазири умури хориҷии Покистон мегӯяд, агар Амрико интиқоди ошкори шеваҳои ҷанги давлати кишвараш алайҳи тундравонро идома диҳад, ин муттаҳидашро аз даст медиҳад. Ҳино Раббонӣ Хор ба як телевизиони ГЕО Тиви дар Ню Йорк гуфт, “бегона кардани мардуми Покистон аз худ” барои Амрико бисёр гарон хоҳад афтод. Баёнияи Раббонӣ Хор посухе ба изҳороти Майк Муллен, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико аст, ки дирӯз гуфт, Хадамоти ҷосусии Покистон бо гурӯҳи Ҳаққонӣ, як ҳалқаи бераҳми гурӯҳи Толибон робита дорад ва онро барои иҷрои аҳдофи худ истифода мекунад.