Машқҳои ситодии нирӯҳои муштараки зудамали Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ПАД) дар тамрингоҳи Лоҳури Тоҷикистон анҷом ёфт. Ин машқҳои мавсум ба “Марказ-2011” аз 19 то 22 сентябр ҳамзамон дар 4 кишвари узви ПАД доир шуд. Дар ин машқҳо шеваҳои муқобила ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро тамрин кардаанд. ПАД эътилофи амниятиест, ки 7 кишвари собиқи шӯравӣ, бо шумули Тоҷикистонро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекунад. Дар машқҳои Лоҳур танҳо нирӯҳои Узбакистон ширкат накарданд.