Имрӯз, 23 сентябр, дар Маскав анҷумани дурӯзаи ҳизби ҳокими Русияи воҳид оғоз ба кор мекунад. Имрӯз дар Вена ҳамоиши панҷуми иқтисодии кишварҳои Аврупои шарқӣ ва Шӯравии собиқ оғоз ёфта, то 25 сентябр идома хоҳад кард. Имрӯз дар Врослави Лаҳистон нишасти ғайрирасмии вазирони дифоъи ИА ба поён мерасад. Ва қарор аст, имрӯз раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос расман аз СММ эътирофи Фаластин ба ҳайси давлати мустақилро дархост кунад.