Таъхири узвияти Булғористону Руминия дар Шенген

Як мақоми баландпояи олмонӣ мегӯяд, қабули Булғористону Руминия ба минтақаи Шенген бори дигар ба таъхир афтод, зеро Ҳолланду Финланд ба он мувофиқ набуданд.
Оле Шрёдер дабири умури дохилӣ гуфт, имрӯз дар мулоқоти вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брусел ихтилофҳо рафъ нашуданд ва аз ин рӯ, вазирон тасмим гирифтанд, ки 17 ва 18-уми октябр ҳангоми баргузории мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба баррасии матлаб баргарданд.
Комиссияи аврупоӣ эълон кард, ки ду кишвари мазкур тамоми тақозоҳои фанниву қонуниро иҷро кардаанд ва аксари аъзои Иттиҳодияи Аврупоӣ ҷонибдори вуруди Булғористону Руминия ба минтақаи Шенген ҳастанд.
Вале Ҳолланд ва Финланд исрор меварзанд, ки ду кишвар бояд дар мубориза бо фасод ва ҷинояткории муташаккилона азми бештар нишон диҳанд.