Ду шаҳрванди Амрикоро, ки дар Эрон бо гуноҳи ҷосусӣ ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуданд, дар ивази васиқа имрӯз озод карданд. Шон Бауери 28-сола ва Ҷош Фатали 29-сола баъди судури ҳукми додгоҳ барои пазируфтани васиқаҳои 500 ҳазор долларӣ, зиндони Эвин воқеъ дар шаҳри Теҳронро тарк кардаанд. Ҳардуро соли 2009 зимни кӯҳнавардӣ баъди вурудашон аз хоки Ироқ ба Эрон дар марз боздошт ва моҳи сентябри гузашта ба зиндон маҳкум карданд. Ба гуфтаи хабаргузориҳо, шаҳрвандони Амрикоро, дипломатҳои швейтсария ва Уммон дар роҳ ба сӯи фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон ҳамроҳӣ мекарданд.