Кумиссиёни Аврупо мегӯяд, дар роҳи ихтисоси кӯмаки молии нав ба Юнони дармонда дар бӯҳрон “пешрафти хубе” ҳосил шудааст. Баёнияи мазкур баъди гуфтӯгуи чандҷонибаи телефонии Евангелос Венизелос, вазири молияи Юнон бо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо, Бонки марказии Аврупо ва намояндагони Сандуқи Байналмилалии Пул нашр шуд. Бидуни дарёфти 8 миллиард еврои изофӣ Юнон пули кофӣ барои пардохти музди кор ва нафақа намеёфт ва варшикаста мешуд, ки як сенарияи тарснок барои худи кишвар, Иттиҳодияи Аврупо ва иқтисоди ҷаҳонӣ аст. Дар ивази кӯмаки молӣ, ниҳодҳои кӯмакрасон аз Юнон хостаанд, хароҷоти буҷаро коҳиш дода ва хусусигардонии амволи давлатӣ, бахши даромади буҷаро бештар кунад.