Бар асари таркиш дар шаҳри Кобул раисиҷумҳури пешини Афғонистон ва раиси Шӯрои Олии сулҳ Бурҳониддин Раббонӣ кушта шуд.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, шоми имрӯз дар манзили Раббонӣ, воқеъ дар наздикиҳои сафорати Амрико таркиши мудҳиш рӯх дод. Гуфта мешавад, инфиҷор дар ҳоле рӯх додааст, ки Раббонӣ дар манзилаш бо ду намояндаи Толибон мулоқот дошт. Ҳанӯз маълум нест, ки онҳо дар ин куштор даст доранд ё не.
Бархе хабаргузориҳо дар бораи ҳалокати панҷ каси дигар бар асари таркиш ҳам иттилоъ додаанд.
Сайидамир Зуҳуров, собиқ вазири амнияти миллии Тоҷикистон, дар вокуниш ба ҳалокати Раббонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки устод Раббонӣ “ҳайф шуд, ӯ бисёр одами хуб буд. Шаш-ҳафт соли ахир ман бо Раббонӣ мулоқот надоштам, лекин медонам, ки инсони хуб буд ва дар вақташ барои сулҳи мо ҳам хизмат карда буд”.
Бурҳониддин Раббонӣ солҳои 90-ум раисиҷумҳури Афғонистон буд. Солҳои ахир ӯ ба Шӯрои олии сулҳ, ки ба хотири музокирот бо “Толибон” таъсис шуда буд, сарварӣ мекард.