Имрӯз Додгоҳи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башар дар шаҳри Страсбург тасмими худ дар робита ба парвандаи ширкати нафтии ЮКОС алайҳи ҳукумати Русияро эълон кард.
Додгоҳ иддаои саҳҳомони ширкат ба ҳукумати Русия оид ба суқути ЮКОС-ро дуруст ва қонунӣ хонд. Аз нигоҳи масъулини додгоҳ, ҳукми зиндони раҳбарони ширкат Михаил Ходорковский ва Платаон Лебедев ҳам иштибоҳ аст.
Додгоҳ тасмим дар бораи маблағи ҷуброни молиявӣ ба саҳҳомони ЮКОС-ро ҳанӯз эълон накардааст. Саҳҳомон барои аз сӯи ҳукумати Русия пардохт шудани 98 миллиард доллар ҷубронпулӣ пойфишорӣ доранд.