ИМА ва Русия хостори эҳёи музокироти сулҳи Ховари Миёнаанд

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, эҳтимоли эҳёи музокироти сулҳ миёни Исроил ва Фаластинро баррасӣ карданд.

Ба иттилоъи Кохи Сафед, Клинтон ва Лавров ба мувофиқа расиданд, ки чаҳоргонаи миёнҷиҳои байнулмилалӣ – ИМА, Русия, Иттиҳодияи Аврупо ва СММ бояд барои сари мизи музокирот баргардонидани исроилиҳо ва фаластиниҳо талош кунад.

Мулоқот дар арафаи баррасии аризаи раиси идораи худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос оид ба эътирофи истиқлоли Фаластин дар Маҷмааи кулли СММ баргузор шуд. Исроил ва ИМА мухолифи эълони истиқлоли Фаластинанд. Аз ҷумла, Вошингтон мехоҳад, ки истиқлоли Фаластин бояд бо мувофиқаи Исроил эълон шавад.