Суханронии раисиҷумҳури Туркия Абдуллоҳ Гул дар донишгоҳи Ҳумболдти Берлин ба иллати таҳдиди бомбгузорӣ ба таъвиқ омад. Пулис аҳли толорро кӯчонд, вале дар ҷараёни ҷустуҷӯ нишоне аз бомб дар ин толор ёфт нашуд. Абдуллоҳ Гул, ки феълан бо сафаре дар Олмон қарор дорад, танҳо баъди анҷоми таҳқиқ суханронӣ кард.
Як гурӯҳи курдҳо бо талаби раҳоии Абдуллоҳ Оҷалон, раҳбари ҳизби коргарии Курдистон, ки Туркия ва бисёре аз кишварҳо онро гурӯҳи террористӣ мешиносанд, дар беруни донишгоҳ ҷамъ шуданд.
Абдуллоҳи Гул бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел имрӯз мулоқот хоҳад кард.