Ба гуфтаи мақомоти тиббӣ, нишонзанҳои тарафдори давлат дирӯз дар Санъо, пойтахти Яман, дастикам 20 нафарро куштаанд. Дар маҷмӯъ аз шаби якшанбе ба ин сӯ дар Санъо бар асари болои издиҳоми эътирозгарон оташ кушодани нирӯҳои давлатӣ ҳудуди 50 нафар ҷон бохтаанд. Эътирозҳо бо талаби хатми 32 соли ҳукумати Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ бар ин кишвари фақири нимқораи Араб аз моҳи январ идома дорад. Дирӯз малики Саудӣ Абдуллоҳ бо Солеҳ мавзӯъи бурузи дубораи хушунатҳо дар Яманро баҳс кардааст. Ин нахустин дидори онҳо тайи 3 моҳест, ки Солеҳ дар Саудия таҳти табобат қарор дорад. Солеҳ моҳи июн дар натиҷаи як ҳамла ба қароргоҳаш дар Санъо ҷароҳат бардошт.