Азми Нетаняҳу барои мулоқот бо Аббос

Бенямин Нетаняҳу

Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу мехоҳад ба хотири азсаргирии музокироти “мустақим”-и сулҳ дар ҷараёни иҷлоси солонаи Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос мулоқот кунад. Ин дар ҳолест, ки Аббос дар садад аст, то рӯзи ҷумъа расман ба узвияти СММ пазируфтани Фаластинро дархост кунад. Исроил ва муттаҳидаш –Амрико – мухолифи чунин иқдоманд. Амрико мегӯяд, танҳо музокироти мустақими фаластиниён бо Исроил метавонад роҳро барои таъсиси давлати мустақили Фаластин боз кунад. Вошингтон таҳдид кардааст, ки ба дархости фаластиниҳо дар Шӯрои Амният вето хоҳад гузошт.