Як нашрияи давлатӣ менависад, ки дар Эрон 22 нафар бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир дор овехта шуданд. Ҳукми марги ин нафарон дар зиндонҳои Эвин ва Караҷ, воқеъ дар 45-километрии ғарби Теҳрон иҷро шуд. Ҳукумати Эрон шумори воқеии ҳукмҳои маргро нашр намекунад, вале ба эътимоди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар танҳо аз оғози соли ҷорӣ даҳҳо нафар ба марг маҳкум ва ҳукми онҳо иҷро шуд. Қонунҳои Эрон барои ҷиноятҳои мисли қочоқи маводи мухаддир, куштор, таҷовуз ба номуз, ғорати мусаллаҳона ва қочоқи инсон ҳукми маргро пешбинӣ мекунад.