Сокинони ду кишвар шикоят кардаанд, ки пулҳои фаромарзии рӯи Панҷ низ ба гузаргоҳи қочоқ табдил ёфтаанд.
Дар ҳоле ки мардуми Тоҷикистон аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба воситаи ин пулҳо шикоят мекунанд, сокинони Афғонистон гуфтаанд, миқдори зиёди шаробу алкол ба кишвари онҳо интиқол дода мешавад.
Вазъ дар ин бобат ба андозае нигаронкунанда шудааст, ки ҷамъе аз созмонҳои ғайриҳукуматии Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хостори таҳкими назорат ба интиқоли молу коло аз тариқи пулҳои байни
Тоҷикистон ва Афғонистон шудаанд.
Иттиҳоди созмонҳои ҷамъиятии «Маслиҳат» мегӯяд, ҳарчанд ин пулҳо ба густариши тиҷорат байни ду кишвар мусоадат кардаанд, қочоқи мол, маводи мухаддир ва шароб аз тариқи онҳо низ вусъат ёфтааст.
Ба гуфтаи раиси ин эътилоф Пайшанбе Хӯҷаназаров, эътирози шадиди мардум аз вазъи мавҷуда замоне рӯшан шуд, ки аъзои иттиҳод дар 15 маҳалли марзии вилояти Бадахшони Афғонистон бо мардум мулоқот карданд. Дар ҳоле ки сокинони ин деҳот изҳори омодагӣ карданд, ки дар пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон кӯмак мекунанд, дар посух аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, аз қочоқи шароб ва маводи алколӣ ҷилавгирӣ намоянд.
Ҷаноби Хӯҷаназаров меафзояд: “Бино бар ин мо аз мақомоти Бадахшон талаб
кардем, ки ба хотири шаффофияти фаъолияти пулҳо ва ҷилавгирӣ аз қочоқ ин пулҳо шабона бояд чароғон бошанд ва болояшон камераҳои назоратӣ насб шаванд.”
Аммо масъули гумрукхонаи гузаргоҳи Теми Хоруғ Нурмаҳмад Ҷонмаҳмадов қочоқи молро тавассути пулҳо рад кард ва гуфт, ки поинтар аз ҳар як пул маҳаллҳое мавҷуд аст, ки қочоқбарон шабона озодона дар он ҷо моли қочоқиро ба ин ё он соҳил интиқол медиҳанд. Мудири муроқибати гумруки Бадахшони Афғонистон, Ҷӯра Иброҳим низ интиқол ёфтани шаробро аз тариқи пулҳо рад мекунад ва мегӯяд, машрубот дар Афғонистон мамнӯъст ва гумрук ба интиқоли он роҳ намедиҳад. Вай гуфт: “Рӯзи бозор аз соати 8 ба ҷо то 4 ба ҷо пул назорат мешавад ва интиқоли ғайриқонунии мол дар ин давра сурат намегирад.”
Аммо бархе манобеъ аз ҳарду тараф имконияти ғайримустақими интиқоли маводи мамнӯъ аз тариқи пулҳоро дар дигар вақтҳо, ба вижа шабона, баъид намедонанд.
Муаллимшо, як корманди Хадамоти марзбонии Афғонистон дар вилояти Бадахшони ин кишвар гуфт, ки онҳо борҳо аз кӯшишҳои дар даруни термос ва дар дар бағал пинҳон кардану бо худ ворид кардани шаробу алкул ба Афғонистон ҷилавгирӣ карданд. Вай гуфт: “Ҳоло термосҳоро меполоем.”
Ҳарчанд бино бар низомномаи бозори марзии Тем фурӯш ва истеъмоли машруб
дар ин ҷо манъ аст, дар дӯкончае чанд ҷавони афғонро сари қадаҳҳои шароб дарёфтам. Беҳрӯз ном ҷавон гуфт, “мо фақат барои сархушӣ каме менӯшем, то вақтамон тир шавад.”
Коршиносон мегӯянд, ки аз пулҳои фаромарзӣ сигор ба ин тараф ва машрубот ба он сӯи марзи интиқол меёбад. Қаблан Раёсати оҷонсии мубориз бо коррупсия дар масири Ишкошим мошини боркаши ҳомили сигори бидуни аксизро боздошт кард, ки ба як соҳибкор аз маркази ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошта, тавассути пули фаромарзии воқеъ дар маҳалли Лангари ноҳияи Ишкошим ба Тоҷикистон ворид шудаааст.
Ҳоло шумораи пулҳо бар фарози рӯди Панҷ, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайванданд, ба чаҳор адад расидааст. Ин пулҳо бо сармояи созмонҳои байнулмиллал сохта шуда, дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон қарор гирифтанд ва айни ҳол ҳаракати одамон ва молу коло дар онҳо аз ҷониби хадамоти гумрук ва марзбонии ду кишвар назорат мешаванд. Дар назди ин пулҳо бозорҳои марзӣ таъсис ёфтаанд, ки дар онҳо рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта сокинони ду кишвар барои мубодилаи молу коло ҷамъ меоянд.
Вазъ дар ин бобат ба андозае нигаронкунанда шудааст, ки ҷамъе аз созмонҳои ғайриҳукуматии Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хостори таҳкими назорат ба интиқоли молу коло аз тариқи пулҳои байни
Ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқ ин пулҳо шабона бояд чароғон бошанд ва болояшон камераҳои назоратӣ насб шаванд...