Бино ба хабарҳо аз шимолуғарби Покистон, даҳҳо ҷангӣ ба як посгоҳи амниятӣ ҳамла овардаанд, ки дар натиҷа 15 кас кушта шуд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, задухӯрд дар минтақаи Акахелбораи минтақаи қабиланишини Хайбар як соат тӯл кашид. Нирӯҳои давлатӣ 10 ҷангиро кушта, муҳоҷиминро маҷбур ба фирор кардаанд. Хайбар дар ҳошияи марзи Афғонистон воқеъ буда, аз паноҳгоҳҳои ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида шумурда мешавад.