Нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ дар атрофи Банӣ Валид чанд ҳамлаи нав ба роҳ андохтаанд. Нирӯҳои зидди Қаззофӣ мегӯянд, дар зодгоҳи ӯ – Сирт ба пешрафтҳои андаке даст ёфтаанд. Бо ин ҳол, ҳокимони муваққати Либия эълони кобинаи навро ба таъхир андохтанд. Маҳмуд Ҷибрил, раҳбари рақами дуи Шӯрои миллии гузор баҳсҳои лаҳазоти охир боиси ба як муддати “норӯшан” ба таъвиқ уфтодани эълони кобина шудааст.