Бино ба гузоришҳо, бо талоши шӯришиёни Либия барои ишғоли ду шаҳри вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, ҷанг дар ин шаҳрҳо шиддат гирифтааст. Гузориш мешавад, ки дар шаҳри Сирт, зодгоҳи Қаззофӣ шӯришиён ба муқовимати сахти нерӯҳои вафодор ба ин раҳбари суқуткарда дучор шудаанд ва ҷангҳои хиёбонӣ дар ин шаҳр идома дорад. Дар шаҳри Бани Валид, як такягоҳи дигари Қаззофӣ, баъди ақибнишинӣ дар рӯзи ҷумъа, шӯришиёни Либия дигарбора ба нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ҳамла кардаанд. Куҷо будани худи Қаззофӣ маълум нест, вале сухангӯяш Мӯсо Иброҳим, гуфтааст, ӯ дар Либия аст ва ҷанг алайҳи ҳукумати муваққати Либияро раҳбарӣ мекунад. Нерӯҳои Шӯрои миллии гузори Либия, пойтахти ин кишвар шаҳри Троблусро тақрибан як моҳ пеш тасарруф карданд.