Қарор аст, имрӯз боздиди чаҳоррӯзаи Абдулло Гул, раиси ҷумҳури Туркия, аз Олмон шурӯъ шавад, ки хонаи дуввуним миллион турктабор низ ҳаст. Абдулло Гул зимни сафар бо ҳамтои олмонии худ Кристиан Вулф мулоқот ва ҳамроҳи ӯ дар ҳамоиши тиҷоратии Олмону Туркия ширкат мекунад. Раиси ҷумҳури Туркия ҳамчунин бо Ангела Меркел, садри аъзам ва Гуидо Вестервелле, вазири умури хориҷаи Олмон дидор ва аз ҷумла талоши Туркия барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо гуфтӯгу мекунад. Олмон то кунун ба узвияти комили Туркия дар Иттиҳодияи Аврупо мухолифат кардааст. Сафари Абдулло Гул ба Олмон дар 50-умин солгарди имзои созишнома миёни ду кишвар сурат мегирад, ки роҳро барои муҳоҷирати оммавии коргарони Туркия ба Олмон боз кард.