Гӯшзади Ангела Меркел ба раиси ҷумҳури Укроин

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, дар як сӯҳбати телефонӣ бо Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Укроин, гуфтааст, аз он нигарон аст, низоми додгоҳиро ба ҳайси абзоре алайҳи сиёсатмадорони мухолиф истифода мекунанд. Ангела Меркел ба вижа Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқи Укроинро ном бурдааст, ки ҳоло бо иттиҳоми фасодкорӣ муҳокима мешавад. Чанде аз кишварҳои ғарбӣ муҳокимаи Юлия Тимошенкоро як навъ ниқори сиёсии Виктор Янукович аз ин рақиби пешини сиёсиаш хонда ва ҳукумати Укроинро интиқод кардаанд. Ангела Меркел, ба Виктор Янукович гуфтааст, Иттиҳодияи Аврупо бо назардошти азми Укроин дар пойбандӣ ба арзишҳои демократӣ ва волоияти қонун кӯмак хоҳад кард.