Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, 5 нафарро бо иттиҳоми қатли Содиқ Ашӯров, сардори бахши низомии як ҷамоати ноҳияи Исфара воқеъ дар шимоли кишвар боздошт кардаанд. Ба иттилоъи хабаргузории расмии “Ховар”, ҳамаи ин 5 нафар сокинони ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи мазкур ҳастанд. Ҷасади Содиқ Ашӯровро, рӯзи 11 сентябр бо ҷароҳатҳои зиёд пайдо карданд ва латукӯби зиёдро сабаби марги ӯ медонанд.