Юнкер: Кумак ба Юнон то октябр ба таъхир уфтод

Жан-Клод Юнкер

Раҳбари минтақаи евро Жан-Клод Юнкер рӯзи ҷумъа дар Врослави Лаҳистон дар пайи нишасти муштараки вазирони молияи кишварҳои минтақаи евро бо вазири дороии Амрико Тимотӣ Гейтнер гуфт, 17 кишвари узви ин минтақа иттихози тасмим ҷиҳати ироаи 8 миллиард доллар кумак ба Юнони буҳронзадаро то моҳи октябр ба таъхир гузоштанд. Ӯ гуфт: “Мо дар мавриди ироаи бастаи навбатии ёриҳо ба моҳи октябр тасмим хоҳем гирифт.”
Ин кумак бояд Юнонро аз вартаи варшикастагӣ наҷот диҳад. Аммо суолҳои бархоста пиромуни шеваи расидагии давлати Юнон ба касри будҷааш боиси таъхир дар тасвиби ин тасмими мақомоти минтақаи евро ва Сандуқи байналмилалии пул шудааст.